Ҳалокати як шаҳрванди Қазоқистон дар Явроз, ки бо параплан парвоз мекард

27 майи соли 2024 соати 11:00 дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Яврози ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳангоми парвоз бо параплан бо сабабҳои номаълум як шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон бо номи Рафаэл Носиров ба ҳалокат расид. Рафаэл Носиров бино ба гузориши расида 56 сол доштааст.

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дастаи имдодгарони Раёсати махсусгардонидашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ фиристода шуд.  

Ҷасади шаҳрванди Қазоқистон рӯзи 28 май  дар кӯҳҳои Явроз пайдо шуд ва наҷотдиҳандагон онро поин оварда, ба мақомоти дахлдори супурданд.   

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хитоб ба алоқамандони ин навъи варзиш ёдовар мешавад, ки параплан навъе аз дастгоҳи парронест, ки сатҳи бехатарии хеле поин дорад. Парвозҳо бояд дар шароитҳои муносиби обу ҳаво сурат бигиранд.

Шахсе, ки бо параплан парвоз мекунад, бо ҳама таҷҳизоти ҳимоявӣ муҷаҳҳаз бошад, то дар сурати пеш омадани ягон ноҷӯрӣ ё таҳдиди кадом фалокате тавонад худро муҳофизат кунад. 

Ҳар халабони ин навъи дастгоҳи паррон бояд бо парашюти эҳтиётӣ  таъмин бошад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки параплан як намуди варзиши экстремалӣ боқӣ мемонад ва баъзе хатарҳо дорад.

барчасп: