Ҳалокати пирамарди 74-сола дар як садамаи мошин дар роҳи Айнӣ-Масчоҳи Кӯҳӣ

9 декабри соли 2022 тахминан соати 08:30 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар расид.

Гуфта мешуд, ки дар километри 41-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Масчоҳи Кӯҳӣ мошини сабукрави тамғаи «Musso», ки...

Дамабарф, барфкӯб, барфтӯфон, тӯфони барфӣ

БАРФТӮФОН (барфкӯб ё дамабарф, тӯфони барфӣ) низ аз намудҳои тӯфонест, ки бо суръати қобили таваҷҷуҳи бод мушаххас мешавад. Бо вазиши шадид тӯдаҳои  барфро аз замин ба ҳаво гардон мекунад. Шуъои он на чандон пурдомана аст ва метавонад арзи даҳҳо километрро фаро гирад.

Хуруҷи чунин туфон метавонад боиси тирагии фазо шавад...

Ду садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Варзоб. Талафоти ҷонӣ нест, ронандагони маҷруҳ ба бемористон интиқол ёфтанд

Шаби 8-уми декабр, соати 02:20 дар километри 67 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб як мошини тамғаи «Volkswagen»  ба мошини «Mercedes-Benz Sprinter», ки канори роҳ қарор дошт, бархӯрд. Дар натиҷаи ин бархӯрди шадид мошини «Mercedes-Benz Sprinter» ба ҷарии 800 метр сарозер шуд.

Хушбахтона, ҳангоми садама дар дохили мошини «Mercedes-Benz Sprinter»,  касе нанишаста буд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма дар роҳи Душанбе-Варзоб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши обуҳавошиносон рӯзҳои 9-11декабри соли 2022 аз километри 47 то километри 79 шоҳроҳи Душанбе-Варзоб лағзиши тарма эҳтимол дорад.

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи олӣ дар Тошканд дар масъалаи тағйири иқлим

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода  дар конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат намуд.

Страницы