Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма дар роҳи Душанбе-Варзоб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши обуҳавошиносон рӯзҳои 9-11декабри соли 2022 аз километри 47 то километри 79 шоҳроҳи Душанбе-Варзоб лағзиши тарма эҳтимол дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо ҳар гуна сафарҳои безаруратро дар роҳҳи кӯҳиву наздикӯҳӣ маҳдуд намоянд. Дар ин рӯзҳо аз роандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум дар манотиқи кӯҳҳӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз сӯхторҳо дар истифодаи бухориҳо ва дигар таҷҳизоти гармидиҳанда ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 

Барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирони онҳо ва расонидани ёриҳои фаврӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд постгоҳҳои муваққати сайёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда шудааст.

Дар роҳҳои дигар ҷумҳурӣ бошад кормандони Кумита якҷо бо кормандони сохторҳои дигар, аз ҷумла Вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ назорат мебаранд. 

барчасп: