КҲФ: Ҷаласаи ҳайати мушовара
Чоп шуд: 02/07/2025 | redaktor
Дар толори асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми июл ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти фаъолияти он дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид.
Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҷаласаро оғоз намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод, ки вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита иҷро шаванд.
Генерал-майор Латифзода Ҳотамшо Латиф, муовини якум, дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд,