КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ

19 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро генерал-майор Камолзода 

Роҳи Рӯшон- Водии Бартанг боз аст

18-уми августи соли 2025, соати 08:40 дақиқа дар километри 82-уми роҳи ноҳияи Рӯшон- Водии Бартанг,  мавзеъи деҳаи Басиди ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рушон роҳ муваққатан баста шуд.

Сабаби ин бар асари болоравии дамои ҳаво ва аз меъёри муқаррарӣ баланд шудани сатҳи об дар рӯдхони Бартанг буд.

Оби шорида аз соҳили дарё роҳи мошингардро баст.  

КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

18 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, бо Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Адхам Мусаллам, доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2025 баррасӣ гардид.

КҲФ: Чорабиниҳои ҷашнӣ дар Суғд

Санаи 16 августи соли 2025 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 31-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Раёсат, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

КҲФ: Чорабиниҳои идона дар ВМКБ

Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Таҷлили ҷашн бо иштироки Сардори Раёсат, собиқадорон...

Страницы