Санаи 16 августи соли 2025 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 31-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Раёсат, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-сардори шуъбаи маъмурию ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят Темурҷон Туйчизода, ҳайати шахсӣ, сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ ҳусни ифтитоҳ гардид. Баъдан Сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳаро аз номи Роҳбарияти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии бахшида ба 31-солагии иди касбӣ табрик намуда аз дастовардҳои Кумита ёдовар шуда кайд кард, ки аз соли 1994 то ба имрӯз Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Аз давраи таъсисёбӣ, яъне соли 1994 то ба имрӯз хизматчиёни ҳарбии Кумита дар бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, расонидани кумак ба аҳолии зарардида дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми арзанда гузошта, аз тарафи роҳбарияти давлат ва давлатҳои хориҷ борҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҷумлаи муҳофизоне мебошанд, ки бо заҳмату хизмати содиқонаи хеш дар таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти кишварамон саҳми муносиб доранд. Дар тўли фаъолияти ин сохтор, ки як ҷузъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, он дар шароити душвори солҳои аввали фаъолияти давлати соҳибистиқлоламон мисли Артиши миллӣ дар ҷойи холӣ, яъне бе мавҷудияти ягон заминаи мусоидӣ моддию ва техникӣ ташкил гардида буд, кормандону хизматчиёни он дар садҳо амалиёти наҷотдиҳӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, бартараф намудани оқибатҳои онҳо ва дастрас гардонидани кўмакҳои башардўстона чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварамон фаъолона иштирок намудаанд. Аз ин рў, аз кормандону хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ тақозо мешавад, ки дар иҷрои рисолати худ, яъне ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист, инчунин имдоду наҷоти мардум аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта, бо риояи қатъии интизоми оинномавӣ ва такмили маҳорату малакаи касбии хеш дар хизмати халқу Ватани худ бошанд. Сипас аз тарафи сардори шуъбаи маъмурию ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят Туйчизода Т. номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба самъи ҳозирин расонида шуд. Ҳамзамон дар рафти чорбинӣ муовини сардори Расат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Назарзода Иброҳим доир ба таърихи таъсисёбии Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда баромад намуд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ бахшида ба иди касбӣ дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши сардори Раёсат ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд як қатор афсарону прапоршикон ва хизматчиён бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, медали ҷашнӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Исфара подполковник Қурбонзода Усмон Туран баъди зиёда аз 25-соли фаъолият дар сохторҳои таркиби Кумита бо тантана ба нафақа гусел карда шуд.