Шарҳи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд
Чоп шуд: 26/09/2017 | adminДар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оид ба вилояти Суғд мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ёвари прокурори ҳарбии вилоят Қурбонзода Р. баргузор шуд.
Дар мулоқот масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо дар қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва зуҳуроти манфии экстремизм ва терроризм дар ҷомеа баррасӣ шуд.