Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сафарбек Шарифзода баргузор шуд.
Дар мулоқот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тағйироту иловаҳо ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ширкаткунандагон гуфтанд, ки ин қонун хеле саривақтист ва ба хотири беҳбуду некуаҳволии мардуми кишвар қабул шудааст.
Сафарбек Шарифзода гуфт, ки қонуни қабулшуда мусоидат хоҳад кард, ки манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум ҳимоя шавад ва сатҳи зиндагии сокинони кишвар беҳтар гардад.
Дар поёни дидор табодули афкор дар атрофи мавзуъ баргузор шуд ва ширкаткунандагон ба саволҳои худ посухҳо дарёфт карданд.