Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гуруҳи кории доимамалкунандаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои коҳиши хатари ҳолатҳои фавқулодда дар сектори нақлиёт ва об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар атрофи ин масъала ширкаткунандагон суханони мушовири байналмилалии Барномаи Рушди СММ У.Келлиро шуниданд.
Ҳамчунин ҳисоботи сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, полковник Ҷ.Камолов низ дар бораи сафари гуруҳи корӣ ба вилояти Суғд оид ба табиқи тарҳҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ шунида шуд.
Ширкаткунандагони ҷаласа оид ба масъалаҳои мавриди суҳбат қарор гирифта ба ин қарор омаданд:
1. ҳангоми таҳияи лоиҳаи Стратегияи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2018-2030 консепсияи коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сектори нақлиёт ва об ба назар гирифта шавад;
2. ҳисоботи сардори раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, полковник Ҷ.Камолов дар бораи сафари гуруҳи корӣ ба вилояти Суғд оид ба табиқи тарҳҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо ба назар гирифта шавад.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Кумита оид ба архитектура ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ, ҳаачунин Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикисон иштирок доштанд.