Омӯзишҳои омодабош дар ноҳияи Шаҳринав

Ҳоло, ки ҳолати фавқулодда рух надода, офати табиву техногенӣ таҳдид намекунад, ҳаво бебориш аст ва хавфи омадани сел дида намешавад, бояд омода буд. Зеро офатҳои табиӣ бе огоҳӣ меоянд, инсонҳоро дар ғафлат мегузоранд. Вале тамринҳову омӯзишҳо метавонанд дар ҳар ҳолат муфид бошанд, чун нерӯҳои наҷот ва аҳолӣ ҳаддиақал медонанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо чӣ бояд кард. Ин аст ҳадафи барномаҳои омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки пайваста роҳандозӣ мешавад.

Тамрини ихтиёриён дар Кӯлоб

Дар Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъ якҷо бо намояндагони созмони байналмилалии “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гурӯҳи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи аҳолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дарси амалӣ гузаронида шуд.

Баррасии истифода аз телефонҳои ҳамроҳ ҷиҳати иттилорасониҳои фаврӣ аз вазъи фавқулодда

Истифода аз ҳар роҳу воситаи имконпазир барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилои лозим дар мавриди обу ҳавои номусоид ва ё иртиботи ҳамешагӣ доштан бо онҳо ба хотири ирсоли огоҳиҳои зарурӣ яке аз ҳадафҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аст. Аҳолӣ бояд сари вақт тавсияҳоеро дарёфт намояд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳо аз офатҳои табиӣ ба он ниёз дорад. Ва яке аз  ин воситаҳо шояд истифодаи телефонҳои ҳамроҳ бошад. Чун ҳамаи аҳолии кишвар: донишҷӯён, коргарон, хонандагони мактабҳои миёна, солмандону нафақахӯрон аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.

Салиби Сурхи Олмон дар коҳиши хатари офатҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамкорӣ мекунад

Тоҷикистон ва Олмон дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин нукта дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо намояндагони Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон таъкид шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин имкониятҳои ҳамкорӣ барои таҳкими омодагиҳои аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро низ барарсӣ

Ифротгароӣ офати фарогиру харобиовар аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар конференсияҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳояшон бо сокинони кишвар пайваста дар бораи тавсеаёбии терроризм ва ифротгаройӣ ёдовар шуда, онҳоро ҳамчун зуҳуроти зидди башарӣ маҳкум менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки терроризм ва

Страницы