Ифротгароӣ офати фарогиру харобиовар аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар конференсияҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳояшон бо сокинони кишвар пайваста дар бораи тавсеаёбии терроризм ва ифротгаройӣ ёдовар шуда, онҳоро ҳамчун зуҳуроти зидди башарӣ маҳкум менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки терроризм ва ифротгаройӣ ба дини мубини ислом ягон иртибот надоранд, динҳои ҷаҳонӣ зидди хушунат, тундгаройӣ, амалҳои террорис­тӣ ва ифротгаройӣ мебошанд ва баръакс, асли таълимоти онҳоро худшиносӣ, худогоҳӣ, дӯстию бародарӣ ва муҳаббату эҳтироми инсон дар бар мегирад.

Ба зуҳуроти ифротгароёнаи террористию экстремистӣ ҳамранг донистани дини мубини ислом аз рӯи инсоф ва адолат набуда, балки таҳрифи рӯирост ва иштибоҳи бузург мебошад. Терроризм ва экстремизмро бояд аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо кард.

Амалҳои террористӣ ва кирдорҳои экстремистӣ шеваю навъҳои гуногун доранд, ки онро ашхоси ҷинояткор бо усулҳои махсус иҷро мекунанд. Ин гуна амалҳо ҳадафмандона ва мақсаднок тибқи нақша тарҳрезӣ гашта, аз ҷониби гурӯҳ, созмон, ташкилоти ҷиноӣ инфиродӣ ё ­дастаҷамъона амалӣ карда мешаванд.

Барои мисол, созмони даҳшатангез ва ифротгаройи ба ном «Давлати исломӣ», ки ба он намояндагони ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъбудаи наҳзати исломӣ майл кардаанд, харитаи сиёсии хилофати исломии ­худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва ­таблиғ мекунад. Агар ба ин харита нигарем, хоҳем дид, ки дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надорад, ҳамаи минтақа ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон ҳамчун вилоят ва ноҳияҳои тобеи он пешбинӣ ва нишон дода шудаанд. Яъне, созмонҳои имрӯзаи ифротгаройи динӣ зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил буда, ошкоро мақсад гузоштаанд, ки давлатҳои мусулмоннишинро бо зӯрӣ ишғол карда, ба тобеият дароранд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳо истиқлолият ва мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҳамчун давлати мустақил эътироф намекунанд ва аз байн бурдани онро яке аз ҳадафҳои худ мешуморанд.

Пас ин гуна созмонҳо ба мавҷудияти давлати Тоҷикис­тон хатари бевосита доранд, зеро онҳо арзиши асосии миллат, муқаддастарин сармояи таърихии мо – давлату давлатдории миллиро ҳадафи муғризона қарор додаанд. Магар ғасбу ғорату куштор аз таълимоти дини ислом аст? Ҳаргиз!

Беҳуда нест, ки маҷмӯи амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонии гурӯҳи «Давлати исломӣ»- ро мадди назар гирифта, тамоми уламои муътабари ҷаҳони ислом онро ғайриисломӣ эълон намудаанд.

Роҳ додан ба рушди ақидаи ифротгаройӣ дар дилхоҳ ҷомеа маънии нобудии фарҳанг ва ҳувияти миллии ҳамон ҷомеаро дорад.

Тавре зикр гардид, дар ҷомеа ҳастанд онҳое, ки ба равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, бо амалҳои зишт ба пешонаи худ муҳри ҷинояткор, хоини Ватан ва миллатро задаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чунин шахсон зикр карданд, ки: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот мерасад ва онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан – Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан — Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

Ҳукумати ҷумҳурӣ хатар ва оқибатҳои ногувори тафаккури ифротгаройи динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ бурда истодааст, зеро он на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионӣ, балки ба рӯзгори ободу осуда, зиндагӣ, хонаву мулкамон, ба ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин «вабои аср» на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад. Агар ҳама якҷоя пеши онро нагирем, қурбони он мешавем.

Умаралӣ ХОЛНАЗАРОВ, сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти «Чимтеппа» — и ноҳияи Рӯдакӣ

БОЗЧОП: аз рузномаи «Садои мардум» №106

барчасп: