Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...
Чоп шуд: 25/09/2018 | adminРуҷӯъ ба китобу китобхонӣ иқдомест барои боло бурдани сатҳи донишу маърифат аст. Китоб аст, ки роҳи торики инсонҳоро бо нури дониш мунаввар мекунад ва китоб аст, ки одамонро водор месозад рӯ ба омӯзишу парвариш оранд. Ниёкони мо беш аз ҳар чизи дигар мутолиаи китобро сутудаанд ва онро даричаи вуруд ба олами нопайдоканори дониш номидаанд. Аз ҷумла Абдурраҳмони Ҷомӣ фармуда:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.