Activities calendar

20 сентября 2018

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе

Устодону хонандагони азиз!
Меҳмонони арҷманд!

Чунонки сокинони пойтахт дар хотир доранд, моҳи апрели соли 2017 мо дар шаҳри Душанбе санги асоси Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро гузошта будем.
Инак, баъди якуним сол бунёди муассисаи таълимӣ ба анҷом

Омӯзишҳои омодабош дар ноҳияи Шаҳринав

Ҳоло, ки ҳолати фавқулодда рух надода, офати табиву техногенӣ таҳдид намекунад, ҳаво бебориш аст ва хавфи омадани сел дида намешавад, бояд омода буд. Зеро офатҳои табиӣ бе огоҳӣ меоянд, инсонҳоро дар ғафлат мегузоранд. Вале тамринҳову омӯзишҳо метавонанд дар ҳар ҳолат муфид бошанд, чун нерӯҳои наҷот ва аҳолӣ ҳаддиақал медонанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо чӣ бояд кард. Ин аст ҳадафи барномаҳои омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки пайваста роҳандозӣ мешавад.

Тамрини ихтиёриён дар Кӯлоб

Дар Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъ якҷо бо намояндагони созмони байналмилалии “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гурӯҳи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи аҳолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дарси амалӣ гузаронида шуд.

Баррасии истифода аз телефонҳои ҳамроҳ ҷиҳати иттилорасониҳои фаврӣ аз вазъи фавқулодда

Истифода аз ҳар роҳу воситаи имконпазир барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилои лозим дар мавриди обу ҳавои номусоид ва ё иртиботи ҳамешагӣ доштан бо онҳо ба хотири ирсоли огоҳиҳои зарурӣ яке аз ҳадафҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аст. Аҳолӣ бояд сари вақт тавсияҳоеро дарёфт намояд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳо аз офатҳои табиӣ ба он ниёз дорад. Ва яке аз  ин воситаҳо шояд истифодаи телефонҳои ҳамроҳ бошад. Чун ҳамаи аҳолии кишвар: донишҷӯён, коргарон, хонандагони мактабҳои миёна, солмандону нафақахӯрон аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.