Тамрини ихтиёриён дар Кӯлоб

Дар Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъ якҷо бо намояндагони созмони байналмилалии “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гурӯҳи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи аҳолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дарси амалӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни омӯзиш наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ донишҳои назариявиву малакаҳои амалӣ барои наҷоти одамон ҳосил карданд, бо таҷҳизотҳои наҷот кор кардан, расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро омӯхтанд. Ба онҳо ҳамчунин  таҷҳизоти наҷот ва техникаи махсус нишон дода шуданд. 

Барои ихтиёриён техникаи кӯҳнавардӣ ва воситаҳои наҷоти одамон дар кӯҳҳо ҷолибу диққатҷалбкунанда буд. 

барчасп: