Истифода аз ҳар роҳу воситаи имконпазир барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилои лозим дар мавриди обу ҳавои номусоид ва ё иртиботи ҳамешагӣ доштан бо онҳо ба хотири ирсоли огоҳиҳои зарурӣ яке аз ҳадафҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аст. Аҳолӣ бояд сари вақт тавсияҳоеро дарёфт намояд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳо аз офатҳои табиӣ ба он ниёз дорад. Ва яке аз ин воситаҳо шояд истифодаи телефонҳои ҳамроҳ бошад. Чун ҳамаи аҳолии кишвар: донишҷӯён, коргарон, хонандагони мактабҳои миёна, солмандону нафақахӯрон аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.
Бо мақсади ба аҳолӣ фавран расонидани ҳавои номусоид, огоҳиҳо, тавсияҳо барои ҳолатҳои гуногуни фавқулодда роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт бо ширкатҳои мобилии мамлакат дар самти хабаррасонии аҳолӣ бо паёмакҳо ҳамкорӣ кунад.
Барои ин дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷаласаи муштараки роҳбарияти Раёсат бо сарварони ширкатҳои мобилии «Вавилон-Мобайл», ООО «Таком», «Tcell» ЗАО «Индиго Тоҷикистон» ва «Таҷиктелеком» баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба аҳолӣ расонидани хабару огоҳиҳо аз роҳи ирсоли паёмакҳо, ҳамчунин нишон додани рақамҳои фаврӣ, ки корафтодагон оҷилан барои кумакҳои зарурӣ муроҷиат намоянд, барарсӣ гаридид.