Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...

Руҷӯъ ба китобу китобхонӣ иқдомест барои боло бурдани сатҳи донишу маърифат аст. Китоб аст, ки роҳи торики инсонҳоро бо нури дониш мунаввар мекунад ва китоб аст, ки одамонро водор месозад рӯ ба омӯзишу парвариш оранд.  Ниёкони мо беш аз ҳар чизи дигар мутолиаи китобро сутудаанд ва онро даричаи вуруд ба олами нопайдоканори дониш номидаанд. Аз ҷумла Абдурраҳмони Ҷомӣ фармуда:

 Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар Маркази таъимӣ-методии Раёсат китобхона ташкил кард. Роҳбарияти раёсат бар ин назаранд, ки китоб ва китобхона василаи хуби донишомзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати омӯзишист.

Дар Раёсат то ин замон аслан китобхона вуҷуд надошт. Роҳбарияти Раёсат ҳоло тасмим гирифт бо захираҳои китоби мавҷуда китобхона ташкил кунад ва тадриҷан онро аз ҳисоби адабиётҳои тозанашр ғанӣ созад.

Ҳоло бо ҳамин чанд номгӯ китоб дари ин китобхонаи кӯчак ба рӯи сарбозону афсарон боз шудааст. Роҳбарият ҳафтае як рӯз-рӯзи душанберо махсус рӯзи мутолиаи китоб эълон кардааст ва дар ин рӯз ҳама ба ин толори хурдакак меоянд ва вақти холии худро сарфи китобхонӣ мекунанд.

Ҳоло китобҳои ин китобхона чандон зиёд нестанд, вале роҳбарият умед мекунад тадриҷан онро ҳам ба теъдод ва ҳам ба номгӯ аз ҳисоби китобҳои тозанашр ва ҳадяи китобдӯстони вилоят афзоиш диҳад. 

барчасп: