Обу ҳавои имрӯз: барф дар доманакӯҳҳо, борон дар водиҳо, сардиҳои аввали зимистон
Чоп шуд: 22/11/2018 | adminТибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 22-25 ноябри соли ҷорӣ баъзе қисматҳои кишвар ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барфу борон дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ, доманакӯҳҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва дар ғарби ВМКБ