Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Шиносоӣ бо Низоми идорӣ дар ҳолати фавқулода бевосита дар ҷои ҳодиса ICS/EOC (ИМА)» бо иштироки мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва Маркази иттилоотии ҳолати бӯҳронии Кумита баргузор гашт. Омӯзиши мазкурро коршиносони Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон гузарониданд.
Дар доираи мавзӯъ вобаста ба моҳияти истифодаи Низоми идора, муайянсозии шартҳо ва вазифаҳои аввалиндараҷаи Низоми мазкур, инчунин, масъалаҳои таҳия ва амалисозии Нақша дар ҳолатҳои фавқулода ва ташкили захираҳоро фаҳмонида шуданд.
Мақсади гузаронидани курси омӯзишӣ ин баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони Кумита ва шиносоӣ пайдо кардан бо Низомҳои мавҷудаи идорӣ дар сурати рух додани ҳолати фавқулода мебошад.
Давраҳои омӯзишии мазкур дар доираи амалисозии чорабиниҳои Нақшаи муштараки Кумита ва Агентии Оғохон оид ба макони зист барои солҳои 2018-2019 ҷиҳати баргузории курсҳои омӯзишӣ барои кормандони Кумита ташкил карда шуд.