Обу ҳавои имрӯз: барф дар доманакӯҳҳо, борон дар водиҳо, сардиҳои аввали зимистон

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 22-25 ноябри соли ҷорӣ  баъзе қисматҳои кишвар ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барфу борон дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ, доманакӯҳҳои  вилоятҳои Суғд, Хатлон ва дар ғарби ВМКБ боридани барфу борон интизор меравад. Дар баъзе ҳолатҳо боришҳо шиддат мегиранд, дар баландкӯҳҳо ва доманакуҳҳо эҳтимоли фаромадани туман зиёд аст.

Бино ба ҳамин маълумот рӯзҳои 24-25 ноябр дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20м/с  мевазад.

Вазъи  роҳҳо ва ағбаҳо:

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд , Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи–Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе- Рашт- Лахш- Ҷумҳурии Қирғизистон, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод боз мебошанд.   

Ва боз:

Дар айни замон тибқи иттилои бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳо дар ағбаи Анзоб, роҳи Душанбе-Рашт (баъди Файзобод ба самти Рашт), дар Шӯрообод, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барф меборад.

Ҳамчуноне дида мешавад, боду ҳаво рӯ ба сардӣ меорад, зимистон аз вуруди худ пешакӣ моро огоҳ мекунад. Роҳҳои мошингузар бахусус дар манотиқи кӯҳӣ ва ағбаҳо мушкил мешаванд. Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки хеле эҳтиёткор ва зирак бошанд.

Дар ҳавои боронӣ ва бахусус туман рафтан ба кӯҳҳо ба нияти ҷамъоварии ҳезум, шикор, чаронидани чорво  рафтан хатар дорад ва хуб мешуд аз ин корҳо муваққатан худдорӣ кунанд.

барчасп: