Шумори ҳалокшудагон дар бинои фурӯрафтаи Магнитогорск ба 37 нафар расид
Чоп шуд: 03/01/2019 | adminҶустуҷӯву кофтукови одамони зери бинои аз таркиш фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск идома дорад. То ҳол 43 нафар аз зери ғарами оҳану бетон ва деворҳои фурӯрафта берун оварда шудаанд ва як шаҳрванди Тоҷикистон низ зинда аз ин бино берун шудааст. Кофтукови чор шаҳрванди кишвар ҳамоно идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи ду рӯзи охир бо Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар вилояти Челябинск дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дорад. Ва дар сурати дарёфти хабар фавран иттилоъ хоҳад дод.