Аз зери вайронаҳои хонаи фурӯрафта бар асари таркиши газ дар Магнитогорск 19 ҷасадро берун оварданд. Дар ин бора “Интерфакс” истинодан ба манбаъҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод.
Ҳамчуноне хабар дода будем, ин хона шаби 31-уми декабр бар асари инфиҷори таҷҳизоти газӣ ба харобазор табдил шудааст. Бино ба гузоришҳои расмии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар то кунун чанд нафар зинда берун оварда шудаанд ва дар бемористон бистарианд. Яке аз онҳо тифли 11-моҳа будааст. Табибон ҳоли аксари бистаришудагон дар бемористонҳоро вазнин арзёбӣ мекунанд. Ахиран хабар дода шуд, ки модари ин тифли 11-моҳа зинда ва ба аёдати фарзандаш ба бемористон омадааст. Духтурон гуфтаанд, ки алҳол барои ҷарроҳии тифли осебдида тасмим нагирифтаанд.
Тоҷикон низ зери вайронаҳо мондаанд
Бино ба гузоришҳое, ки шабакаҳои иҷтимоӣ интишор додаанд, як хонаводаи тоҷик низ зери ин хонаи валангор мондааст ва аз сарнавишти онҳо иттилое дар даст нест. Журналисти тоҷик Завқибеки Сайидаминӣ бо интишор расмҳое хабар додааст, ки як модари 24-солаи тоҷик бо фарзандонаш Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Сайдмуҳсини 3-сола зери харобаҳои биное, ки ду рӯз пештар таркида буд, номаълум боқӣ мемонад. Журналисти тоҷик аз корбарони Фейсбук хостааст дар амри наҷоти ҳамватанон дасти дуо кушоянд. Падари ин тифлон аз зери вайронаҳо зида берун оварда шудааст, вале дар бемористон ҳоли вазнин дорад.
Сайид Назриев, як тан корбарони Фейсбук низ навиштааст, ки ин оила аз пайвандони онҳост. “Яъне ҷиянамон аст ва ду рӯз боз мо тамоми наздикон чӣ дар Магнитагорск ва дар ин ҷо ҷигархунем. Додари калонии худам низ ду подъезд дуртар дар ҳамин хона зиндагӣ мекунад. Кӯдакони додарам низ ду рӯз боз дар ҳолати шоканд. Дуо мекунем, Худованд ҳамаи ҳамватанони моро нигаҳбон бошад. Чунин мусибатро бар сари ҳеч бандааш наёрад”.
То ин соатҳо, ки хабар таҳия мешуд, аз сарнавишти хонаводаи тоҷик ва дигар зери вайронаҳо мондагон иттилои бештаре дастрас нашуд.