Дуюмин рӯзи Соли нав: Сомонаи мо дар соли 2018

Соле рафт ва соли дигар оғоз шуд. Имрӯз метавонем дар бораи як соли фаъолияти сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сухан бигӯем.

Сомонаи www.khf.tj сомонаи ниҳоди давлатист, ки асосан хабару гузоришотеро интишор медиҳад, ки иртибот ба фаъолиятҳои Кумита доранд. Навгониҳо, мақолоти таҳлилӣ, лавҳаву очеркҳо дар бораи фаъолтарин кормандон ва ё аз ҳаёти сарбозону сарбозхонаҳо, оморҳои таҳлилӣ, нашри комили Солнома ва ғайра.

Сомона ҳамчунин вазифадор аст дар доираи салоҳиятҳои худ хабарҳоеро низ пӯшиш диҳад, ки ба ҳаёти ҷумҳурӣ иртибот доранд. Чун як сохтори қудратӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ ба вазъи амниятии кишвар бетараф нест, аз ин рӯ, мақолотеро ҳам интишор медиҳад, ки дар ин мавзуъҳо навишта шудаанд.

Бахше ҳам дорад бо номи “Бо Пешво”, ки аз фаъолиятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунад.

Бахши дигаре дорад, ки рӯйдодҳои оламро вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда пӯшиш медиҳад. Яъне дар баробари ахбори дохилӣ таваҷҷӯҳи хонандаи худро ба муҳимтарин рӯйдодҳои олам низ ҷалб мекунад.

Сомона бахши омӯзишӣ дорад, ки корбаронашро оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҷараён мегузорад. Охири соли равон мо муваффақ шудем, ки чанд филми тасвириро барои атфол дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ ҷой диҳем.

Пешбинии вазъи ҳаво ҳам дорад, истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ сокинони кишварро аз ҳавои номусоид огоҳ мекунад, ба ронандагону равандагони роҳҳо тавсияҳо медиҳад.

Соли рафта мо дар сомонаи худ бо ду забон 861 (тоҷикӣ – 520 ва русӣ – 341) хабару гузоришоти нав гузоштем ва онро зарфи ин 12 моҳ 100 ҳазору 766 нафар мутолиа кардаанд.

Агар қиёс кунем, соли 2017 557 маводи моро 74 ҳазору 494 нафар хонда буданд, пас некбахтона, мо сол ба сол ба омори рӯ ба афзоиши хонандагони худ рӯ ба рӯ ҳастем. Шуморо хонандагони ҳамешагии назар ба як соли гузашта 26 ҳазору 302 нафар афзудааст.

Акнун мо ба ҳисоби миёна ҳар моҳ ҳудудан 9 ҳазор бинанда дорем (соли 2017 беш аз 6 ҳазор буд).

Сомонаи мо бахше дорад, ки дар он Раиси Кумита худ ба пурсишҳои хонандагон, корбарон ва шаҳрвандон мустақим аз тариқи сомона посух медиҳад. Соли гузашта ба ин гӯшо 23 суол ворид шуда буд, ки бахше дар сомона интишор ёфтанд ва бахши дигар чун масоили хусусӣ буданд, ба соҳибонашон посух ирсол гардид. Яъне, мо тавонистем то ҷое майдони муколамаро барои хонандаҳои худ боз монем, то тавонанд бидуни мушкилӣ ба дилхоҳ пурсиши худ ҷавоб гиранд.

Албатта, кор бидуни камбудӣ нест ва талош хоҳем кард ҳар эроду пешниҳоди корбаронамонро дар мавриди беҳбуди кори сомона омӯзем, ба назар гирем ва пешниҳодоти судманду хубро бипазирем ва дар сомона дохил кунем. Яъне мо ҳамоно ба маслиҳатҳои шумо корбарони азиз, ниёз дорам.

барчасп: