Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд
Чоп шуд: 14/01/2019 | adminАз аввали соли 2018 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 150 танро наҷот доданд, ба бештар аз 600 ҷабрдида дар офатҳои табиӣ ёрӣ расонданд. Техникаи махсуси КҲФ ба 24 шаҳру ноҳияи кишвар маводҳои сохтмонӣ интиқол додааст, 1136 қитъаи хатарнок ошкор карда шудааст ва бештар аз 200 нафар ба маконҳои амну бехатар кӯчонида шудаанд. Ин рақамҳо дар ҷаласаи ҳисоботии коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда эълон гардиданд.