Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

Аз аввали соли 2018 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 150 танро наҷот доданд, ба бештар аз 600 ҷабрдида дар офатҳои табиӣ ёрӣ расонданд. Техникаи махсуси КҲФ ба 24 шаҳру ноҳияи кишвар маводҳои сохтмонӣ интиқол додааст, 1136 қитъаи хатарнок ошкор карда шудааст ва бештар аз 200 нафар ба маконҳои амну бехатар кӯчонида шудаанд. Ин рақамҳо дар ҷаласаи ҳисоботии коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда эълон гардиданд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ширкати мушовири калони дастгоҳи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Ю.Юсуфзода ҷаласаи коллегия оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматӣ дар соли 2018 баргузор гардид. 

Дар кори коллегия роҳбарони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи Марказӣ, раёсатҳои минтақавии КҲФ дар вилоятҳо, шуъбаҳо дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ширкат варзиданд. 

Дар суханони ифтитоҳии худ Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода қайд кард, ки соли 2018 ҳарчанд барои кишвар як соли одӣ набуд, ба кормандони Кумита муяссар гардид, ки ба аҳолии зарардида сари вақт ва ҳамаҷониба кумак расонанд. 

«Ба ин гуна натиҷаҳои назаррас танҳо ба шарофати ташкили кор ва фаъол будан дар вокуниш ба офатҳо расидан мумкин буд ва дар он на танҳо  кормандони КҲФ, балки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуданд.  Вокуниши фаврӣ ва ташкили дурусти кор, ҳамоҳангиҳои фавриву лозим буд, ки кумакҳо ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ сари вақт расиданд. Ҳамчунин бо воситаи техникаи Кумита барои роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маводҳоии сохтмон сари вақт расонида шуданд”,- иброз дошт Раиси Кумита.  

Дар ҷаласа ҳисоботи муовинони Раиси Кумита оид ба фаъолиятҳои воҳидҳои ҳудудии КҲФ дар соли гузашта, комёбиҳо ва камбудиҳо шунида шуданд. Дар бораи сабабҳои камбудиву норасоиҳо дар кори Раёсатҳои КҲФ дар се вилоят ҳисоботи роҳбарони онҳо шунида шуда, барои бартараф сохтани онҳо ва қабули қарорҳои самаровар ҷиҳати ислоҳи вазъи баамаломада мӯҳлат муайян карда шуд.

Фаъолияти ҷонишинони сарварони Раёсатҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, ки дар соли 2018 аз камбудиҳо холӣ набуданд, зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. 

Сармушовири дастгоҳи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Ю.Юсуфзода аз сарраёсатҳо ва раёсатҳо ва дар умум КҲФ барои беҳбуди кор ба ҳамкориҳои созанда бо дигар вазорату идораҳо даъват намуд. 

Дар ҷаласа қайд гардид, ки соли 2018 бо мақсади беҳбудии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2022”, ҳамчунин дар доираи иҷрои тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030” тасдиқ гардид. 

Дар маърӯзаи ҷамъбастии худ Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо ҳама вазорату идораҳои салоҳиятдори кишвар дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин сарвари идораи наҷоти кишвар ба муҳим буданим ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид намуд. 

«Аз роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои муҷаҳҳаз намудани воҳидҳои садамавиву наҷот бар асоси муоҳадаи имзошуда миёни КҲФ, Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷопон ба Кумита 32 адад техникаи садамавиву наҷот, ҳамчунин мошинҳои сабукрави махсус, ки бешубҳа сифати корҳои наҷотро боло хоҳанд буд, таҳвил дода шуд”,- қайд намуд Раиси КҲФ.

Дар ҷараёни коллегия вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардида, ба самтҳое, ки бояд бештар таваҷҷӯҳ шавад, таъкид шуд.

барчасп: