Сел дар ноҳияи Панҷ. Талафоти ҷонӣ нест
Чоп шуд: 30/01/2024 | admin29 январи соли 2024 тахминан соати 01:40 шаб бар асари боронҳои шадид сел ба хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат”, Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ ворид шуда, қисман зарар расондааст. Аз ҷумла:дар ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат” сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.