Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон аз 26 то 29-уми январи соли равон дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
27 январи соли 2024 дар аксар ноҳияҳои кишвар, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон туман мефарояд, дар баъзе навоҳии кишвар диди роҳ то 500 метр коҳиш меёбад.
Аз 28 то 31-уми январм соли 2024 дар қаламрави аксари шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Борону барф меборад ва рӯзҳои 28-30 январ дар баъзе навоҳӣ он шиддат хоҳад гирифт.
Аз 29-30 январ бар асари боришоти зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.
Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат нест.
Сокинони минтақаро лозим меояд ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.
Бачаҳои худро беназорат нагузоранд ва ҳамеша дар ҳар сафар онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.
Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат кунанд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла КҲФ, ВКД, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин кунанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунанд сураъати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набараанд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.
КҲФ ёдовар мешавад, ки дар ҳоли шоҳиди ин ё он ҳолати фавқулода шудан шаҳрвандон метавонанд барои кумак ба рақами 112 ва телефонҳои қисми навбатдорӣ: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.