Ҳушдори КҲФ аз сардиҳои рӯзҳои оянда. Эҳтиёт кунед!
Чоп шуд: 02/02/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 феврали соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар аксар ноҳияҳои кишвар барфу борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо рӯи 3-ум рӯзона ва рӯзи 4-уми феврал шабона бориши барфу борон шиддат мегирад.