Ҳушдори КҲФ аз сардиҳои рӯзҳои оянда. Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 феврали соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар аксар ноҳияҳои кишвар барфу борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо рӯи 3-ум рӯзона ва рӯзи 4-уми феврал шабона бориши барфу борон шиддат мегирад.

Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои 1-4-уми феврали соли 2024 дар аксар навоҳии кишвар туман мефарояд ва он метавонад сабаби мушкили дид дар масофаи то 500 метр шавад.

Рӯзҳои 1-2 феврал дамои ҳаво шабона дар баъзе ноҳияҳо то ба -15-20 дараҷа сардӣ мерасад. Ба сабаби коҳиши ҳарорати ҳаво рӯзҳои 1-4 феврал роҳҳои мошингард ях мебанданд ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард.

Шабонарӯзи оянда, аниқтараш то 4-уми феврал дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. 

Борону барфи пуршиддат метавонад сабаби рух додани ҳодисаҳои зерини фавқулода гардад: лағзиши тарма, резиши санг дар роҳҳо, афзоиши садамаҳо бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ғайра. КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад ба хатҳои интиқоли қувваи барқ ​​осеб расонад, дарахтонро шиканад ва афтонад, боми хонаҳо осеб бинанд. Аз рӯ, ҳангоми гузар аз роҳҳо талош кунед аз зери дарахтон нагузаред, ҳамчунин аз сутунҳои сустниҳоди рекломҳо эҳтиёт кунед.

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Ҳамчунин бо эҳтиром хоҳиш мешавад дар чунин рӯзҳо сокинон аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд. 

КҲФ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода ба рақами 112 ва ё телефони қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 барои кумак муроҷиат кунанд.

барчасп: