Activities calendar

15 феврали 2024

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳои рӯзҳои 16-20-уми феврал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз 16-уми феврал то 20-уми феврали соли 2024 ҳарорати ҳаво дар саросари мамлакат тағйир меёбад ва сард мешавад. Бороне, ки дар водиҳо меборад, батадриҷ ба барф мубаддал мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши...

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Ронанда ва ду мусофири мошин ба ҳалокат расиданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои як садамаи марговари мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф карданд.

Соати 97:10 дақиқаи рӯзи 14-уми феврали соли 2024 ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар километри 123,8 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, садамаи мошин рух дод.