Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Ронанда ва ду мусофири мошин ба ҳалокат расиданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои як садамаи марговари мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф карданд.

Соати 97:10 дақиқаи рӯзи 14-уми феврали соли 2024 ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар километри 123,8 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, садамаи мошин рух дод.  

Имдодгарони Кумита дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, диданд, ки мошини «Toyota Corolla», ки аз ҷониби як сокини 25-солаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд идора мешуд, ҳамгоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба дарёи Фон сарозер шуд.

Бар асари ин ҳодиса ронанда ва ду мусоифри он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. 

Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба умқе, ки мошин сарозер шуда буд, поин шуданд ва бо кумаки таҷҳизоти махсус ҷасади ронанда ва ду мусофири дигарро боло бароварданд. Ҷасади кушташудагони ин садамаи мудҳиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон ёдрас мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя кунанд. Боло бурдани суръати ҳаракати мошин ҳамеша хатарҳоеро дар пеш дорад.

Дар ёд дошта бошед, ки шумо ва мусофирону ҳамраҳони шуморо дар хона зану фарзанд, падару модар ва хешу ақрабову дӯстонатон интизоранд!

барчасп: