КҲФ: То 5 феврали соли равон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 04/02/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 3-4-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, рӯзона 3-уми феврал ва шабона 4-уми феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат мегирад.