Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар як қатор шаҳрҳо ва навоҳии ин вилоят, аз ҷумла дар Панҷекент, Конибодом, Гулистон, Айнӣ, Шаҳристон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Деваштиҷ миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ баргузор карданд.
Дар ин дидору мулоқотҳо ҳудудан 500 нафар сокинони минтақаҳои мухталиф ширкат варзиданд. Кормандони Раёсат дар бораи офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулодаи соли 2023 ба ҷамъомадагон маълумот доданд ва аз кумаку ёриҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба осебдидагон, татбиқи барномаи рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода ва ғайра суҳбат карданд.
Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба кормандони салоҳиятдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ дар тартиб додани ҳуҷҷатҳо ёрии методӣ расонида, ҷадвали навбатдории шабонарӯзиро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар минтақаҳои махсусан хатарнок тартиб доданд, то онҳо сокинонро аз хатарҳо сари вақт огоҳ созанд.
Илова бар ин ҷиҳати пешгирӣ аз рӯйдодҳои нохӯш ба аҳолӣ гуфта шуд, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш, вақте дар кӯҳу доманакӯҳҳо хатарҳои лағзиши тармаву сангу рег таҳдид мекунад, беҳтар аз ба шикору моҳидорӣ ва чорвочаронӣ нараванд.
Инчунин дар ин дидору мулоқотҳо нуктаҳои асосии Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ба аҳолӣ фаҳмонида шуданд.