Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 07/02/2024 | redaktor7 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита баргузор шуд, ки дар он Сарвари КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, роҳбари Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода, роҳбарони раёсатҳои Кумита иштирок ва ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.