Ҳалокати шаш узви як оила дар шаҳри Душанбе аз дуди ангишт. Кумита сокинонро ба эҳтиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ даъват мекунад!
Чоп шуд: 29/02/2024 | redaktorШаби 27 ба 28 феврали соли 2024 шаш нафар узви як хонадон, ки дар кӯчаи Гранзавод, хонаи 284!1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд, аз дуди ангиш ба ҳалокат расидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ мекунад ва бори дигар аз шаҳрвандон бо эҳтиромона хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз ангиштсанг барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёт кунанд.