Ҳалокати шаш узви як оила дар шаҳри Душанбе аз дуди ангишт. Кумита сокинонро ба эҳтиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ даъват мекунад!

Шаби 27 ба 28 феврали соли 2024 шаш нафар узви як хонадон, ки дар кӯчаи Гранзавод, хонаи 284!1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд, аз дуди ангиш ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ мекунад ва бори дигар аз шаҳрвандон бо эҳтиромона хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз ангиштсанг барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёт кунанд.

Бояд қайд кард, ки истифодаи ангишт аз як ҷиҳат агар манфиатовар бошад, аз нигоҳи дигар дар сурати риоя накардани тартиби истифодаи он метавонад барои саломатии инсон хатарнок, ҳатто марговар бошад. Ҳангоми сӯзонидани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарноканд, ихроҷ мешавад.

 Бахусус дар ҳолати пурра насӯхтани ангишт гази марговари оксиди карбон (СО) ҳосил шуда, дар сурати мутобиқ набудани ҳавокаши печи истифодашаванда ба дохили бино паҳн гардида, метавонад одамонро заҳролуд ва ҳатто ба марг дучор намояд. Қобили зикр аст, ки дар сурати пурра насӯхтани ангишт ихроҷи оксиди карбон бештар мешавад.

Ин газ бӯй ва ранг надорад аз ин лиҳоз дар дохили хона паҳншавии онро инсон пай намебарад. Дараҷаи таъсири оксиди карбон на фақат аз зиёд гардидани ғизлатнокии он, балки ба муддати тулонӣ дар муҳити аз меъёр зиёд мавҷуд будаи ин газ ҳузур доштани инсон вобаста аст. Вобаста ба зиёд гардидани қабати гази оксиди карбон, таъсири он ба саломатии инсон чунин оқибатҳо дошта метавонад:

Коҳиши қудрати биноии чашми инсон;

  • вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 2-5%)
  • тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби
  • ҳаво аз 5% зиёд)
  • дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 10-80%)

Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолияти вазнини инсон дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Оксиди карбон ба ҷараёни хун ворид мешавад ва бо молекулаҳои гемоглобин бо оксиген рақобат мекунад. Ин модда нисбат ба оксиген ба гемоглабини хун қавитар пайваст мешавад. Ҳар қадаре, ки оксиди карбон дар ҳаво зиёд бошад, ҳамон қадар гемоглобин ба он пайваст мешавад ва оксиген ба ҳуҷайраҳо камтар мерасад. Қобилияти расонидани оксиген ба бофтаҳо халалдор гашта, спазмҳои рагҳо ба амал меоянд ва фаъолияти иммунологии одам кам мешавад. Ҳамчунин, дар раванди сӯхтани ангишт оксиди нитроген ва оксиди сулфур ихроҷ мегарданд, ки онҳо низ метавонанд ба саломатӣ таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун дучор намояд.

Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи ангишт аз оқибатҳои эҳтимолии манфии он низ андеша намоянд.

Барои аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт ҳифз намудани инсонҳо зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои мувофиқ барои сӯзонидани ангишт истифода карда шуда, қобилияти ҳавокашии қубури дудпарто ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, давоми шабона барои ворид гаштани миқдори муайяни ҳавои тоза аз тирезаҳо мусоидат намоянд. Шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намояд.

 КҲФ ҳушдор медиҳад: Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед! Ҳамеша дудбарои бухориҳоро назорат кунед, онҳоро сари вақт тоза намоед! 

барчасп: