Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита  баргузор шуд, ки дар он Сарвари КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, роҳбари Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода, роҳбарони раёсатҳои Кумита иштирок ва ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Генерал-полковник Рустам Назарзода иброз дошт, ки соли 2023 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 557 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи (соли 2022 – 697) табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз он 48 ҳодиса ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва аҳолӣ зарар расонид. Бар асари 12 офатҳои табиӣ 51 нафар (соли 2022 8 нафар) шаҳрвандони кишварҳо ба ҳалокат расиданд.

 Аз 557 ҳодиса 335 ҳодиса лағзиши тарма, 79 ҳодисаи омадани сел, 47 заминларза, 26 ҳолати резиши санг дар роҳҳо, 22 ярч, 17 ҳодисаи баланд шудани сатҳи обҳо, 10 ҳодисаи шамоли сахт, 12 ҳодисаи боронҳои шадид, 3 раъду барқ ва 2 ҳодисаи сардии шадид буд.

Бино ба гуфтаи Раиси Кумита сарфи назар аз он ки рейдҳо муттасил гузаронида мешаванд, аз ҷониби кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ мешаванд, аз тариқи радио ва телевизион ва дигар расонаҳои хабарӣ муроҷиатҳо пахш мегарданд, мутаассифона, ҳамоно дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дарёҳо ва кӯлҳо 181 (соли 2022 – 160) нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз онҳо 20 нафар дар ҳудуди ВМКБ, 56 навфар дар вилояти Суғд, 56 нафар дар вилояти Хатлон, 14 нафар дар шаҳри Душанбе ва 35 нафар дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳалок шуданд.

35 нафари ғарқшудгон бачаҳои синнашон то 10-сола буданд, 40 нафар аз 11 то 16-сола, 67 нафар аз 17 то 35 ва 39 нафар аз 11 нафари онҳо то 4-сола, 25 нафар аз 5 то 10-сола, 44 нафар аз 11 то 16-сола, 49 нафар аз 17 то 35-сола ва синни 39 нафар аз 35-сола боло буд. Дар миёни ғарқшудаҳо 36 нафарашон занон ва 145 нафарашон мардон буданд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот 16 нафар (соли 2022 34) шаҳрвандоне, ки ғарқ мешуданд, наҷот дода шуданд.

Бино ба таҳқиқоти анҷомшуда сабабҳои асосии ҳалокат дар об шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ -25%, аз беэҳтиётӣ – 18% ва беназоратии волидон 12% мебошад

Дар суҳбати худ бо хабарнигорони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи  Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ҳарф зад ва гуфт, ки зарфи шаш моҳи соли 2023 кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ ин чорабиниҳоро роҳандозӣ намуданд: 31 омӯзиши маҷмӯии мудофиаи гражданӣ, 93 машқи фармондеҳӣ-ситодӣ, 120 тамрини тактикии махсус оид ба мудофиаи гражданӣ, 197 омӯзишҳои ситодӣ, 167 омӯзишҳои ғайринақшавӣ ва чорабиниҳои дигар. Дар ин омӯзишҳо бештар аз 62 ҳазору 600 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва аҳолӣ ҷалб карда шуданд. 

Рустам Назарзода дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи фаъолиятҳои яксолаи Кумита дар самти корҳои наҷот иброз дошт, ки  соли 2023 наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ширкат карданд ва ҳамчунин корҳои садамавиву наҷот гузарониданд.

Чунончӣ, имдодгарони КҲФ  906 (соли 2022 – 700)  баромади фаврӣ анҷом доданд, ки дар натиҷаи он бештар аз 200 нафар наҷот дода шуданд.     

Ҳамчунин наҷотдиҳандагони Кумита бар асоси дастури махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати 50 нафар аз 10-ум то 22-уми феврали соли 2023 ба Ҷумҳурии Туркия барои расонидани кумаҳои башарӣ ва ширкат дар роҳандозии амалиётҳои ҷустуҷӯ ва наҷот эъзом шуданд. Дар ин муддат имдодгарони Кумита 73 бинои харобшудаи бисёрошёнаро аз назар гузарониданд. Дар натиҷа як тифли шашмоҳа ва як марди 30-соларо аз зери ин харобаҳо зинда наҷот доданд. Ҳамчунин аз вайронаҳо ҷасади 217 нафар шаҳрвандон, 41 адад силоҳи оташфишон ва ашёи қиматбаҳоро пайдо ва ба мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Туркия таслим карданд.     

 Дар бобати корҳои зиддижола сарвари КҲФ ба хабарнигорон гуфт, ки бо мақсади сари вақт ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз офати табиӣ – жола Хадамоти зидди жолаи Кумита аз моҳи апрели соли 2023 ба кори мавсимӣ шурӯъ кард. Дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон 618 ҳазор гектар замини кишоварзӣ аз жола ҳимоя шуд. Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 63 минтақаи хатарноки жола бо истифода аз мушакҳои зиддижола ҳифз крада шуд. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумамти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро як самти созандаи фаъолияти Кумита арзёбӣ кард ва гуфт, ки  Кумита мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик, намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ меандешад.   

 Соли гузашта роҳбарияти Кумита 38 вохӯрӣ (дар соли 2022 – 36 вохӯрӣ) бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир намуда, дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарвари Кумита ҳамчунин иброз дошт, ки дар доираи рушди соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023 ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расонида шуданд:

Созишномаи ҳамкорӣ дар самти идораи ҳолатҳои фавулода табиӣ ва техногенӣ миёни Кумита ва Созмони миллии офатҳои табиии ВКД Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, бахши Ассотсатсия “Духтурони бидуни марз” (MSF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Нақшаи муштараки ҳамкориҳо миёни Кумита ва Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санади ҳамкорӣ бо Кумита ва Намояндаи швейстсарии ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин дар доираи сармоягузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохтмони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумита ба анҷом расид ва он рӯзи 13-уми декабри соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд. 

Дар поёни нишаст Раиси Кумита таҳкими интизоми ҳарбӣ, омодагиҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани касбияти ҳайати шахсии Кумита, идомаи сохтмони Маркази омодасозии наҷотдиҳандагон дар ноҳияи Шаҳринав, бинои хадамоти ВМКБ, Маркази тайёр намудани ғаввосон ва кинологҳо дар ноҳияи Шаҳринав, сари вақт ба истифода додани Маркази қабули паноҳандагон ва зарардидагон дар офатҳои табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, сохтани марказҳои идораи ҳолатҳои бӯҳронӣ аз ҳисоби сармоягузориҳои шарикони байналмилалӣ ва буҷаи давлатӣ, тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои созанда барои ҷонибҳои манфиатовар бо ташкилотҳои байналмиалӣ, давлатӣ ва шарикони рушд дар самти инкишофи корҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади таъмини сохторҳои Кумита бо техникаи муҳандисӣ, махсус, тиббӣ, техникаи садамавиву наҷот ва воситаҳои дигари техникӣ ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 №630 дар бораи “Барномаи миёнамуҳлати ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода дар солҳои 2023-2028”-ро вазифаҳои солӣ ҷорӣ донист, ки бояд таваҷҷуҳ шавад.

барчасп: