Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 3-4-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, рӯзона 3-уми феврал ва шабона 4-уми феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат мегирад.
5-6 феврали соли ҷорӣ дар аксар ноҳияҳои кишвар ҳавои олуда бо туман пешбинӣ мешавад, бахусус дар ағбаҳо вақти туман биниш дар масофаи то 500 метр бад мешавад.
Рӯзҳои 4-7 феврали соли 2024 роҳҳои мошингарде, ки аз минтақаҳои кӯҳӣ убур мекунанд, ях мебанданд ва ин ҳолат равуои мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад.
Рӯзҳои 3-5-уми феврал дар роҳи Душанбе –Чаноқ ва роҳҳои навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо ба сафарҳои худ аз қабл омода шаванд. Мошинҳои худро аз қабл омода созанд, камбудиҳои онро рафъ намоянд. Аммо беҳтарин тавсия ин аст, ки агар ин сафари шумо чандон зарур набошад, то вақти мусоид мавқуф гузоред.
Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, ба шикоргоҳ барои шикор ва ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ нараванд. Корҳои кишварзии анҷомнашударо ҳам ба вақти дигар вогузоред.
Дар мавсими сард ба сару либоси худ ва фарзандонатон бештар диққат диҳед. Гарм пӯшидан гарави саломатии шумост!