Заминларза ва лағзиши тарма, ки рӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Хадамоти Геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 январи соли 2024 соати 20:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминҷунбӣ 370 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 33 километр шарқи ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, ноҳияи кӯли Сарез 2-3 баллро ташкил дод.

Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт. 

30 январи соли 2024 аз тарафи деҳаи Руботи Афғонистон, ки дар муқобили деҳаи Пастхуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ҷойгир аст, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Талафоти ҷонӣ нест. Бар асари боди шадид, ки ҳамзамон бо лағзиши тарма рух дод, боми хонаи яке аз сокинони деҳаи Пастхуф хароб шуд. 

Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. 

 Ёдовар мешавем, ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2024 бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтри Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. 

КҲФ аз сокинон хоҳиш мекнуад дар чунин рӯзҳои эҳтиёт кунанд!

Агар ҳодисае пеш омад, метавонанд то телефони 112 ва ё телефонҳи қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.

барчасп: