Имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳои заминларза дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия 168 ҷасадро берун оварданд (ВИДЕО)
Чоп шуд: 16/02/2023 | redaktorШабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия аз зери харобаҳову вайронаҳо ҷасади бо 33 нафар қурбониёни заминларзаи Туркияро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Теъдоди ҷасадҳои ёфтаи имдодгарони тоҷик аз зери биноҳои харобшуда дар Туркия ба 168 нафар расид.