КҲФ: Аз селҳо дар ду рӯзи оянда эҳтиёт кунед
Чоп шуд: 23/05/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 24-25-уми майи соли 2023 бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, боло меравад. Эҳтимоли омадани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ба истиснои шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд аст.