Чанд хабар аз рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта ба наҷотдиҳандагони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе лозим омад ду маротиба бо дархости сокинони пойтахт барои боз кардани дарҳои баста аз қароргоҳи худ берун шаванд.

Дар яке аз ин ду хонае, ки дари он баста шуда буд, кӯдакон бе назорати калонсолон монда буданд.

Маъмулан дар аксар маврид соҳибони хонаҳо аз бетаваҷҷуҳӣ калиди хонаро дохил мемонанд ва пайи корашон мераванд. Дар бозгашт мефаҳманд, ки калид надоранд. Агар дар ин гуна ҳолатҳои тифлон дар хона танҳо бошанд, мушкил дучанд мешавад, ташвишу изтироби падар ё модар меафзояд.

Ҳолатҳои дигаре ҳам пеш меоянд, ки кӯдаки дар хона танҳо монда баногоҳ худ дарро мепӯшад ва он баста мешавад ва мустақилона наметавонад онро боз кунад.

Дар бораи кӯдаки танҳо дар хона матлаби бештарро ин ҷо бихонед:

 

барчасп: