Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 24-25-уми майи соли 2023 бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, боло меравад. Эҳтимоли омадани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ба истиснои шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хатарзо ба соҳили махзанҳои об нараванд, ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.
Ҳамчунин Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт намоянд, худдорӣ аз ҷамъоварии забӯруғҳо, алафҳои дорувор, ҳезум, рафтан ба моҳидорӣ ва шикор ба манфиат аст.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.