Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

22 майи соли 2023 соати 10:43 бо вақти маҳаллӣ  дар қаламрави кишвар заминларза бақайд гирифта шуд. Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ин заминларза 295 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 60 километр ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар ҳудуди Афғонистон буд.

Манбаъ ҳамчуни хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл буд. Дар ноҳияи Ишкошим 3 ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

барчасп: