Корҳои сохтмонӣ барои аҳолии аз офат зарардидаи деҳаи Искодар то 15-уми октябри соли равон ба анҷом мерасанд
Чоп шуд: 09/10/2024 | admin
Корҳои сохтмонии хонаҳои барқароршаванда дар мавзеи нав барои зарардидгони офат дар деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ ба суръат идома доранд. То 3 октябри соли 2024, ки як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сардори Сарраёсат генерал-майор Ҷамшед Камолзода аз ин мавзеъ дидан кард, корҳои сохтмонӣ





