7 – уми октябри соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон бадахшон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми нуҳмоҳаи соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсат полковник Н. Мираков оғоз шуд, ки номбурда ҳозиринро бо рузномаи он шинос намуд.
Дар ҷаласа дар бораи ҳодисаҳои хусусияти гуногундошта, гузаронидани машқу тамринҳо, вохурӣ ва корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳои хавфнок, иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ва ба омӯзиш фаро гирифтани шунавандагон сухан рафт.
Баъди маърузаи асосӣ ҳисобти нуҳмоҳаи шуъбаҳо ва бахшҳои раёсат дар ноҳияҳо шунида шуд.
Ҷамъомадагон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 ва эълон гардидани “Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ” ва чорабиниҳои гузаронидашуда аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои таркибии он дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳо бо иштироки шаҳрвандони касбу кори гуногун изҳори назар намуданд. Қайд гардид, ки дар рафти вохӯриҳо мӯҳтавои Паём ва қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мавриди барарсӣ қарор дода шуд. Инчунин бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши фалокатовар ва ғарқшавӣ тибқи супориши сардори Раёсат аз ҷониби сардорони шуъбаю бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо гузаронида шуд.
Дар поёни ҷаласа сардори раёсат доир ба иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, идома додани корҳои таблиғотӣ ва вохӯриҳо бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш, таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ, ба нақша гирифтани гузаронидани машқҳои иншоотӣ дар корхонаҳои саноатии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2025, инчунин иҷрои чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар назди ҳайати шахсӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.