Корҳои сохтмонӣ барои аҳолии аз офат зарардидаи деҳаи Искодар то 15-уми октябри соли равон ба анҷом мерасанд

Корҳои сохтмонии хонаҳои барқароршаванда дар мавзеи нав барои зарардидгони офат дар деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ ба суръат идома доранд. То 3 октябри соли 2024, ки як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сардори Сарраёсат генерал-майор Ҷамшед Камолзода аз ин мавзеъ дидан кард, корҳои сохтмонӣ барои 7 хонаи пурра зарардида ва 8 хонаи қисман зарардида идома доштанд.

Дар 11 хона бому болопӯш ва дар 3 хона бардоштани девор пурра ба анҷом расида, дар 1 хона корҳо давом дорад. Дар хонаҳои мазкур корҳои андоваи дохили биноҳо ҷараён дорад.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сохтани 15 хонаи 4 ҳуҷрагӣ аз рӯи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 10 сентябри соли 2024, №31/1-18 маводи хӯрока ва ғайрихӯрока, инчунин масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмони 7 хонаи пурра ва 8 хонаи қисман зарардида ба пуррагӣ дастрас шудааст.

Зикр бамаврид аст, ки  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зарардида, МТМУ-и №12 пурра барқарор шуда, аз 1 сентябри соли 2024 ба фаъолият шуруъ намудааст.

Рӯзи 3 октябри соли 2024 соати 14:00 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёд дидан намуда,  ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва пайваст намудани хатти барқ бо насби сутунҳо, мумфарш кардани роҳи маҳаллаи навбунёд, инчунин сохтмони низоми гармидиҳӣ бо ангишт ба масъулини вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилояти Суғд супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ то 15 октябри соли 2024 ба анҷом расонида шуда, 16 октябри соли 2024 маросими ба истифода супоридани хонаҳои навбунёд пешбинӣ гардад.

Ҳайати эъзомии КҲФ баъди диду боздид аз минтақаҳои офатрасида ба ин хулоса омад, ки дархост ҷиҳати ҷудо намудани масолеҳи сохтмонӣ барои 1 хонаи пурра зарардида ва 3 хонаи қисман зарардидаи деҳаи Гузари боди ноҳия бояд аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд Муқим Муродзода  аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ дастгирӣ карда шавад.

Генерал-майор Ҷамшед Камолзода,
Сардори Сарраёсати ҳифзи
аҳолӣ ва ҳудуди Кумита.

барчасп: