Дар давоми нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 527 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 167 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар 22 миллиону 333 ҳазору 566 сомониро ташкил дод.
7 – уми октябри соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми нуҳмоҳаи соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рузномаи он шинос намуд. Баъдан муовини сардори Раёсат, подполковник Кучаков Ҷамшед оид ба ҳодисаҳои хусусияти гуногундошта, гузаронидани машқу тамринҳо, вохурӣ ва корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳои хавфнок, иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ва ба омӯзиш фаро гирифтани шунавандагон сухан ронд.
Гуфта шуд, ки дар давоми нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 527 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 167 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар 22 миллиону 333 ҳазору 566 сомониро ташкил дод.
Дар ҳамин давраи соли 2023 дар ҳудуди вилоят 468 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 130 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарари расонидашуда 22 миллиону 709 ҳазору 254 сомониро ташкил дода буд.
Дар нуҳмоҳаи соли 2024 дар ҳудуди вилоят 13 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарари расонидашуда 17 миллиону 45 ҳазору 39 сомониро ташкил дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нуҳ моҳи соли 2023, 7 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуда, маблағи зарари расонидашуда 7 миллиону 521 ҳазору 624 сомониро ташкил дода буд. Дар ҳодисаҳои табиӣ дар нуҳмоҳаи соли 2023 6 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
Ҳамзамон дар давоми нуҳмоҳаи соли 2024 аз ҷониби Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 1022 машқу тамринҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуда, дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат 1775 нафар шунавандагон ба омӯзиш ҷалб карда шуданд.
Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 ва эълон гардидани “Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои таркибии он дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳо бо иштироки шаҳрвандони касбу кори гуногун гузаронида шуд. Дар рафти вохӯриҳо мӯҳтавои Паём ва қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мавриди барарсӣ қарор дода шуд. Инчунин бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши фалокатовар ва ғарқшавӣ тибқи супориши сардори Раёсат аз ҷониби сардорони шуъбаю бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 80 вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилоят ва Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон дар нуҳмоҳаи соли 2024, дар 79 амалиётҳои наҷот, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд. Аз ҷумла: дар 29 амалиёти кушодани дарҳои хонаҳои истиқоматӣ, 11 амалиёти бартараф намудани оқибатҳои садамаи нақлиётӣ, 35 амалиёти корҳои зериобӣ ва рӯиобӣ ва 1 амалиёти бартараф намудани оқибатҳои тарма.
Дар давоми нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Истаравшан, Айнӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Шаҳристон корҳои соҳилбандӣ ва тоза кардани селроҳаҳо ба масофаи 30,7 км ва тозакунии каналҳои обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 128,1 км ба анҷом расонида шуд.
Баъди масъалаҳои дар ҷаласа баррасӣ гардида аз тарафи сардори Раёсати Кумита дар вилоят полковник Додиён Баҳром Одина доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, идома додани корҳои таблиғотӣ ва вохӯриҳо бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш, таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ, ба нақша гирифтани гузаронидани машқҳои иншоотӣ дар корхонаҳои калони саноатии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2025, инчунин иҷрои чорабиниҳои ба нақша гирифташуда вазифагузорӣ карда шуд.
Д. Маликзода, сардори бахши
кор бо ҷомеаи Раёсат
Подполковник.