Тирамоҳу тағйири обу ҳаво. Чанд тавсия аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 22/10/2024 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз 23 то 27 октябри соли 2024 ҳавои номусоид дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дамои ҳаво паст шуда, эҳтимоли боридани борон ва барф дар баландиҳои беш аз 2000 метр вуҷуд дорад. Дамо дар водиҳо 10-12 дараҷа паст мешавад.
Дар ин иртибот Кумита чанд тавсияро барои сокинон ироа медорад, ки риояи онҳо боиси таъмини амнияту бехатарӣ хоҳад шуд.