Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, санаи 17 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Раёсат дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати доҳилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохўрӣ бо иштироки Фазилатпочои Маҳмадюсуф – мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Меҳроб Абдуев – мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтори он ташкил ва гузаронида шуд.
Дар вохўрии мазкур, ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва амалишавии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ гардиданд, муҳтовояш ба ҳайати шахси расонида шуд.