Дар давоми 24 соати охир наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду маротиба барои кушодани дарҳои оҳанӣ дар манотиқи мухталифи пойтахт рафта, аз таҳхонаи як бинои бисёрошёна оби ҷамъшударо, ки ба бино хатар дошт, берун кашиданд.
Занги аввали телефонӣ аз як сокини шаҳри Душанбе соати 17:22 дақиқа расид. Вай гуфт, ки дар бинои бисёрошёнаи воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ, №57 зани ҷавоне наметавонад вориди манзили истиқоматиаш шавад. Дари ӯ баставу дар дохили хонаи писари 7-солаи ӯ танҳост.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида вазъро омӯхтанд ва ба хулоса расиданд, ки набояд бачаро ба ҳарос андохт, аз ин рӯ аз тиреза вориди хона шуда, дарро аз дохил боз карданд.
Писарбача ба ёрии тиббиву равонӣ ниёз надошт. Аммо наҷотдиҳандагон бо волидони кӯдак суҳбат карданд ва хатарҳои эҳтимолии танҳо гузоштани ноболиғонро дар хона фаҳмонданд.
Занги дуюми телфон соати 00: 40 дақиқа садо дод. Хабар дода шуд, ки сокинони кӯчаи Рӯдакӣ 185 аз сабаби баста шудани дари оҳонӣ наметавонанд вориди хона шаванд.
Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд.
Сокинони кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш №21/1 аз рахна шудаи қубури обгузар хабар доданд ва гуфтанд, ки об таҳхонаи биноро пур кардааст.
Дар баробари дарёфти хабар имдодагарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо таҷҳизоти вижа интиқоли обро қатъ карданд ва баъд оби ҷамъшударо аз таҳхона берун кашиданд.